Мақомоти Эрон дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил кушта шудани Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии кишвар ва Ғуломризо Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Басиҷро тасдиқ карданд.
Бар асоси баёнияи расмии Эрон, писар, муовин ва чанд муҳофизи Алии Лориҷонӣ низ ҳамроҳи вай ҳалок гардидаанд.
Алии Лориҷонӣ 68 сол дошт ва аз чеҳраҳои наздик ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, роҳбари пештараи Эрон буд.
Лориҷонӣ солҳои тӯлонӣ дар мақомҳои баланд, аз ҷумла, раиси порлумон ва мушовири роҳбари Ҷумҳури исломӣ кор кардааст.
Блоки рекламавӣ



