11-14-уми августи соли 2025 ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир гардид, ки дар он вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамчунин дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (БКБОП) ва Маркази зиддитеррористии ИДМ ширкат намуданд. Дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур ҳамагӣ 12 масъала баррасӣ гардиданд. Аз он ҷумла, масъалаҳои ҳамкориҳои афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳо – узви ИДМ ва рафти иҷрои Барномаи чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, Консепсияи рушди ҳамкориҳои иттилоотии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ содир мешаванд ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои дохилии узви ИДМ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба пешниҳодҳои судманд баён намуд. Ҷаласаи Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – узви ИДМ то 14-уми август идома ёфта, барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат хоҳад кард. Бояд тазаккур дод, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь