25 феврал дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус аз ин хадамот хабар доданд.
Дар ҷаласа нақшаи миллии тақсимоти радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои иҷозатдиҳии тақсимоти спектри радиобасомадҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ карда шуд.
Раиси Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни ҷаласа баён намуд, ки қабули ин санадҳо қадами муҳим дар самти таҳкими сиёсати давлатии танзими спектри радиобасомад мебошад. Истифодаи самаранок ва мақсадноки он ба рушди устувори бозори хизматрасониҳои алоқа ва технологияҳои рақамӣ, таҳкими рақобати солим байни операторон ва ҳифзи манфиатҳои амнияти миллӣ мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи миллӣ бори аввал ҳамчун ҳуҷҷати ягонаи меъёрии давлатӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқии идоракунии тамоми диапазонҳои басомади аз 8,3 кГц то 3000 ГГц-ро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Қоидаҳои тасдиқшуда механизми шаффоф ва муназзами иҷозатдиҳӣ, ҷудо ва истифодаи спектри радиобасомадҳоро муқаррар намуда, тартиби ягонаи танзими ин захираи стратегии миллиро таъмин менамоянд. Назорат ва татбиқи амалии ин санадҳо ба зиммаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Минбаъд ҳама қарорҳои марбут ба ҷудокунии басомадҳо танҳо дар доираи нақша ва қоидаҳои тасдиқшуда амалӣ карда мешаванд.

Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо доир шуд
Блоки рекламавӣ


