24 ноябр дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ҷаласаи фаъолони соҳаи меъморӣ, сохтмон ва шаҳрсозӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳиду сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, меъморону муҳандисон, масъулини бахши роҳсозӣ, замин, муҳити зист, назорати санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фақуллода, сӯхторнишонӣ, ширкатҳои сохтмонӣ, соҳибкорон, раисони ҷамоату деҳот ва дигар масъулин ширкат варзиданд.
Нахуст муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ маърӯза намуд. Таъкид гардид, ки сол ба сол саҳми бахши хусусӣ, соҳибкорони ватанӣ, сармоягузорони хориҷӣ ва аҳолӣ дар маблағгузории капиталӣ зиёд шуда истодааст. Агар дар соли 2018 саҳми бахши ғайридавлатӣ дар структураи маблағгузории капиталӣ 68 фоизро дар бар гирад, дар соли 2024 ин нишондиҳанда ба 82 фоиз баробар шудааст, хол он ки саҳми маблағгузори давлатӣ низ 1,2 маротиба зиёд шудааст.
Ҳаҷми маблағгузорӣ аз тарафи аҳолӣ дар ин давра 3,7 маротиба ва соҳибкорӣ ба 5,8 маротиба зиёд шудааст. Дар 7 соли охир дар вилоят аз рӯи маълумотҳои оморӣ 3,6 млн. метри мураббаъ манзил сохта ба истифода дода шудааст.
Дар ин давра 538 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, 392 иншооти соҳаи тандурустӣ, 930 адад иншооти соҳаи маориф, 338 иншооти соҳаи варзиш, 129 иншооти соҳаи фарҳанг, 227 иншооти соҳаи саёҳӣ, 1607 иншооти соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 2045 адад қитъаи роҳ, 164 пул, зиёда аз 500 бинои истиқоматии баландошёна, 91 бинои маъмурӣ ва зиёда аз 5200 дигар иншоотҳо сохтмон ва азнавсозӣ гардидааст. Баробари ин масъулин азм доранд то ҷашни фархундаи миллат боз зиёда аз 3000 иншоот сохта ба истифода диҳанд.
Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи кунунии соҳаи меъморӣ ва сохтмон таъкид дошт, ки натиҷаҳо назаррас буда, бунёди иншооти гуногунсоҳа бевосита ба боло рафтани сатҳи зиндагии шаҳрвандон таъсири мусбӣ мерасонад. Баробари ин дар фаъолияти бархе аз шаҳру навоҳӣ ва ширкатҳо камбудиҳои ҷиддӣ ба назар расида, бояд масъулин ҷиҳати тақвияти корҳо ва бартараф намудани он талош варзанд.
Дар поёни ҷаласа ба гуруҳи калони сохтмончиёну меъморон, ширкатҳои сохтмонӣ ва соҳибкорон диплом ва ҷоизаи сохтмончиии муваффақ дар соли 2025 тақдим гардид. Аз ҷумла, ба муассисони ширкати “Тоҷсохтмон” Набиҷон Абдураззоқов ва Баҳодур Фозилов, ки бинои нави Гимназияи рақами 4 -и шаҳри Хуҷандро бунёд намудаанд, изҳори сипос карда шуд.

Ҷаласаи кории Раҷаб Аҳмадзода
Блоки рекламавӣ


