26 феврал дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаи баргузории даври якуми озмун баррасӣ гардид. Аъзои ҳакамон вазифадор гардиданд, ки барои интихоби беҳтарин иштирокчии озмун саъю талош кунанд.
Тибқи низомнома, имсол даври якуми озмун нимаи моҳи апрел дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷамҳурӣ доир карда шуда, иштирокчиёни беҳтарин ба даври дуюм роҳхат мегиранд.
Даври дуюм моҳи июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Блоки рекламавӣ



