Барои омода намудани донишҷуёни факултаи Писихологияи тиббии (духтур- психотерапевт) Донишкада тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон мутахасисони ботаҷриба аз хориҷи кишвар ҷалб карда шудаанд.
Ба иттилои масъулини Донишгоҳ, солҳои қабл таваҷҷӯҳ ба ин ихтисос кам ба назар мерасид, зеро ин дар ҷумҳурӣ ихтисоси нав буд.
Ба иттилои масъулини ин ниҳод дар нимсолаи 2024-2025 дар Донишкадаи мазкур нақшаи қабул ба ин ихтисос 100% иҷро шудааст. Тавре дар ин бора Аламхон Ахмедов, муовини ректор оид ба илм ва иноватсияи Донишкада тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон изҳор дошт, “ҷиҳати ба роҳ мондани ин ихтисос дар кишвар, то ҳол аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ягон нақша тарҳрезӣ нагардидааст. Дар робита ба ин масъала мо борҳо ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат кардем, мутаасифона то ҳол посухи дақиқе нагирифтем. Зарур аст, Вазорат дар қатори дигар ихтисосҳо ин ихтисоси ҷадидро низ ба қайд гирад. Аз рӯи мушоҳидаҳо метавон гуфт, ки имрӯз таваҷҷӯҳи аҳолӣ ба табиб-равоншинос бештар гардидааст” – гуфт Ахмедов.
Саодати Абдукарим