Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC Fight Night 265, ки шаби 22-уми ноябр дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор шуд, дар вазни нимасабук Шакеме Рок аз Британияи Кабирро мағлуб кард.
Аз рӯи натиҷаҳои се раунд бо қарори якдилонаи доварон размикори 26-солаи тоҷик ғолиб омад.
Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (Ultimate Fighting Championship – Қаҳрамонии мутлақи якҳарба) дохил шуда, то имрӯз набохтааст. Ӯ дар ҳамаи 11 қувваозмоӣ дар ММА, аз он ҷумла сетоаш дар UFC фирӯз шуд.
Рақиби размикори тоҷик Шакеме Роки 32-сола аз 14 рақобати худ дар 12-тоаш пирӯз шуда, яктоашро бохт ва яктоашро мусовӣ кард. Рақобати ӯ бо Нурулло Алиев дар мусобиқоти UFC якум бор буд.
Нурулло Алиев дар нахустин рақобаташ дар мусобиқоти “UFC Vegas 70” 25-уми феврали соли 2023 дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА Рафаэл Алвеси бразилиро бо тасмими доварон шикаст дод.
Ин размикори тоҷик дар мусобиқоти UFC Fight Night 249, ки 12-уми январи имсол дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА баргузор шуд, Ҷо Солекии амрикоиро бо қарори якдилонаи доварон мағлуб кард.
Ёдовар мешавем, Нурулло Алиев аз соли 2018 дар муҳорибаҳои размии омехта ширкат меварзад. Ӯ моҳи сентябри соли 2022 дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта дар доираи мусобиқоти интихобии Dana White’s Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC ва AMC Fight Nights иштирок мекард.
Нурулло Алиев, ки 16-уми октябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи панкратион мебошад. Алиев дар мусобиқоти UFC бо лақаби Tajik Eagle (“Уқоби тоҷик”) маъруф мебошад.
Ҳоло дар UFC Тоҷикистонро ба ғайр аз Нурулло Алиев, боз се размикори тоҷик намоянда ҳастанд.

Ғалабаи навбатии “Уқоби тоҷик”
Блоки рекламавӣ


