Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 аз дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби калони 5:0 шикаст хӯрд.
Ин бозии даври якум дар гурӯҳи D шаби чоршанбеи 17-уми сентябр дар варзишгоҳи Шоҳ Сауди Донишгоҳи шаҳри Риёз баргузор гардид.
Бозӣ комилан бо бартарии мизбонон сурат гирифт. Онҳо дар нимаи аввали дидор ду гол заданд. Абдулраҳмон Ғариб дар дақиқаи 14-ум ҳисобро кушод. Баъди се дақиқа Ангело голи дуюмро зад. Се голи дигарро Уэсли Тейшера (дақиқаи 59-ум), Кинсли Коман (89) ва Садио Мане (90+3) заданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь