Варзишгари маъруфи тоҷик Акмал Убайдов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар айни замон дар шаҳри Дубай ҷараён дорад, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Акмал Убайдов дар вазни то 60 кг марҳилаи аввалро бо қарори доварон озод гузашта, дар даври дуюм намояндаи Англия Моҳаммад Меҳдӣ Саҳакро дар раунди сеюм ба тариқи нокаут мағлуб намуда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври ҳаштякниҳоӣ варзишгари тоҷик бар Ален Рустамовский аз Македония бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ баромад. Ӯ дар даври чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Қазоқистон Серик Темиржанов рақобат намуда, боз ҳам бо қарори доварон (5:0) ғолиб омад ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Акмал Убайдов дар марҳилаи нимниҳоӣ аз намояндаи Русия Всеволод Шумков мағлуб гардида, соҳиби медали биринҷӣ ва ҷоизапулӣ ба маблағи 75 ҳазор доллари ИМА шуд.
Ҳамзамон муштзани ҷавони тоҷик Хусравхон Раҳимов (57 кг) дар марҳилаи нимниҳоӣ бо қарори якдилонаи доварон (5:0) бар Хуҷаназар Нортоҷиев аз Узбекистон пирӯз шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Хусравхон Раҳимов аввалин муштзани тоҷик ба ҳисоб меравад, ки ба финали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни калонсолон роҳ меёбад.

Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025
Блоки рекламавӣ


