Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон дар давоми 10 соли охир саршумори ҳайвоноти нодир аз ҷумла морхӯр аз 1900 ба 6827 сар, Марко Поло аз 20 ҳазору 419 ба 29 ҳазору 43 сар ва бабри барфӣ аз 350 ба 500 сар афзоиш ёфтааст.
Ин Агентӣ қайд кардааст, ки соли 2023 бо пешниҳоди Тоҷикистон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки тибқи он ҳар сол 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр таҷлил мешавад.
Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои дақиқ муайян намудани раванди зиёдшавии ҳайвоноти нодир дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бабри барфӣ, морхӯр ва архар ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат баҳисобгирии воқеии ин ҳайвоноти нодирро ба поён расонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь