Клуби футболи Алма ато “Ғайрат” дар даври сеюми даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои УЕФА дар майдони худ бо “Пафос” – и Кипр қувва озмуд. Бозӣ бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. “Ғайрат” дар таърихи баромадҳои худ дар ин мусобиқа аввалин холро ба даст овард.
Дар бозии бо киприҳо “Ғайрат” пас аз ду бохти калон аз “Реал” ва “Спортинг” – и Португалия бозӣ кард. “Пафос” дар майдони худ як хол дошт, ки дар бозӣ бо “Олимпиакос” – и Юнон ба даст овардааст.
Блоки рекламавӣ



