Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 дар ноҳияи Айнӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шарикони рушд ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ бунёди ду ҳавзи амудии бузурги об барои обёрии беш аз 200 гектар оғоз гардид, иттилоъ медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ.
Иншооти муҳими обёрӣ, ки дар наздикии дарёи Зарафшон сохта мешавад, имконият фароҳам меорад, ки заминҳои нав азхуд карда шуда, гардиши кишоварзӣ васеъ ва рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия таъмин гардад.
Ҳавзҳои амудии об дорои иқтидори баланд буда, то фарорасии мавсими кишту кори баҳорӣ пурра омода ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Татбиқи ин лоиҳа ба беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон, таъмини оилаҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва ба бозорҳои ноҳияю ҷумҳурӣ баровардани маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь