Раиси ноҳияи Ҷайҳун Ализод Азизулло, зимни нишасти хабарии худ гуфта буд, ки дар маркази ноҳияи Ҷайҳун се чароғаки раҳнамо мебошад, ки онҳо кӯҳнаву фарсуда шудаанд. Раис ваъда карда буд, ки “мо дар кӯтоҳтарин мӯҳлат онро иваз мекунем”. Ӯ дар муддати як моҳ алакай ин чароғакҳоро ба чароғакҳои муосир иваз кард.
Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷайҳун Шарифҷон Сайидҷонов гуфт, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии мамлакат, бо ташаббуси МИҲД-и ноҳия дар ду кӯчаи асосии ҳудуди ҷамоати шаҳраки ноҳия чароғакҳои роҳнамои рақамии муосир насб карда шуд.
Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки дар ин кӯчаҳо ҳаракати бемамониати нақлиёти сокинон таъмин гардида, аз садамаҳои нохуши нақлиётӣ пешгирӣ карда мешавад.
Ҳамин гуна иқдомҳои созанда минбаъд низ идома ёфта, марҳила ба марҳила дар дигар кӯчаҳои ҳудуди ноҳия ҳамин гуна чароғакҳои муосири рақамӣ насб карда мегарданд.

Ҷайҳун: Раис ба ваъдааш вафо кард
Блоки рекламавӣ


