Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои сохтмониро мутахассисон ва бинокорони Кооперативи тиҷоратии “Беҳбуд” бо истифода аз маҳсулоти хушсифати сохтмонӣ, риояи стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳу унсурҳои зебои меъморӣ анҷом додаанд.
Муассисаи таълимии мазкур барои 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 28 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ, толори фарҳангию варзишӣ, ошхона бо 50 ҷойи нишаст, китобхона, бунгоҳи тиббӣ ва хонаҳои методӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 иншооти соҳаи маорифро дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва 3 корхонаи саноатиро дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Панҷ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷайҳун: МТМУ рақами 53 ба истифода дода шуд
Блоки рекламавӣ


