Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз ҳафт километр роҳҳои харобгаштаи маҳаллӣ бо дастгирии Вазорати нақлиёт, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатманд таъмири асосӣ карда шуда, айни замон таъмири пурра идома дорад.
Сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард ноҳияи Ҷайҳун Шариф Сайҷонов ба “Фараҳ” иттилоъ дод, ки иқдоми роҳсозӣ дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар таъмири роҳҳо техникаҳои роҳсозии идора ва мутахасисон, бо талаботи замон роҳҳоро пурра асфалтпӯш карда истодаанд.
Ӯ гуфт, ки айни замон дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми аҳолӣ ду километр роҳ асфалтпӯш гардида истодааст.
Дар мувозинаи ин муассиса 265, 8 км роҳ вобаста шудааст, ки аз он 181, 8 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта мебошад ва онҳо марҳила ба марҳила таъмири асосӣ карда мешаванд.

Ҷайҳун: Ҳафт километр пурра асфалтпӯш шуд
Блоки рекламавӣ


