Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷайҳун Шарифҷон Сайҷонов гуфт, ки дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар доираи аксияи “365-Рӯзи ободонӣ” бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳи деҳаи Фотеҳони Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ 700 метр роҳ пурра асфалтпуш гардида истодааст. Корҳои таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои деҳаҳои ноҳия бо истифодаи техникаҳои МД нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷараён дорад.
Гуфта шуд, ки то имрӯз бештар аз 3 километр роҳ асфалтпӯш карда шуда, кормандон барои иҷрои корҳои роҳсозӣ бо масъулияти ҷиддӣ фаъолият доранд.
Шарифҷон Сайҷонов зикр кард, ки дар мувозинаи муассиса 255,8 километр роҳҳои мошингард мавҷуд мебошад, ки онҳо марҳила ба марҳила таъмири асосӣ карда мешаванд.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,
Ҷайҳун

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь