Вазири кору муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, дар соли 2025-ум 36 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шудаанд.
Солеҳа Холмаҳмадзода рӯзи 3-юми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе сабаби ихроҷи аксари муҳоҷиронро ба поймоли қоидаи будубош дар Русия пайванд дод.
Ӯ афзуд: “Саривақт ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани патент пешниҳод намекунанд. Тартиби пешбинишударо риоя намекунанд.”
Дар ин миён сардори Хадамоти муҳоҷират, як идораи тобеи Вазорати меҳнати Тоҷикистон, пофишорӣ дорад, ки аксари онҳо аз фурудгоҳҳои Русия ва бо сабабҳои гуногун ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд.
Ба иддаои ӯ, омори муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аз Русия 11 ҳазор буда, боқимонда аз марзу фурудгоҳҳои Русия бозпас фиристода шудаанд.
Аз ин пеш мақомоти интизомии Русия гуфта буданд, ки “дар 11 моҳи соли 2025 аз қаламрави Русия 54.4 ҳазор хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро берун рондаанд.”

Айби худи муҳоҷирон?
Блоки рекламавӣ


