Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси бонк Фирдавс Толибзода дар шаҳри Мюнхени Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо фаъолияти филиали Бонки федералии Олмон — Бундесбонк шинос шуд, хабар доданд аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Зимни шиносоӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Президенти шуъбаи минтақавии Бонки федералии Олмон- Бундесбонк дар Бавария Райнхолд Фолбрахт ва директори шуъбаи минтақавии ин бонк дар шаҳри Мюнхен хонум Мишел Кройссер мулоқот кард. Сафари ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон ба Олмон дар доираи таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва табодули таҷриба байни бонкҳои марказӣ доир гардида, дар ҷараёни он ба фаъолияти маркази хазинавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Намояндагони Бундесбонк ба ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон доир ба технологияҳои муосири равандҳои коркард, низомҳои амниятӣ ва интиқоли пули нақд маълумоти муфассал пешниҳод карда, масъалаҳои марбут ба назорати сифат ва мубориза бо пулҳои қалбакӣ мавриди назар қарор гирифтанд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз фароҳам овардани имкони шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафта изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт ки «мо ҳамкориро бо ҳамкасбони олмонӣ қадр мекунем ва итминон дорем, ки таҷрибаи андӯхта ба такмили минбаъдаи фаъолияти мо, бахусус дар масъалаҳои танзиму назорати гардиши пул ва таъмини амнияти он мусоидат хоҳад кард».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь