Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи гӯштии озод байни мардон, ки дар шаҳри Душанбе ду рӯз идома кард, ғолибон дар ҳамаи даҳ вазн муайян гардиданд.
Дар мусобиқа паҳлавонон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат карданд. Ҳадафи асосии баргузории мусобиқа рушди минбаъдаи ин риштаи олимпии варзиш дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии варзишгарон, дарёфти истеъдодҳои нав ва интихоби беҳтаринҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар гуфта шудааст.
Паҳлавонон Айаал Белолюбский дар вазни 57 кило, Қаюм Ҳалимов (61 кг), Абдулмаҷид Кудиев (65 кг), Мустафо Аҳмадов (70 кг), Муҳаммадамин Абдуллоев (74 кг), Сомон Икромов (79 кг), Салим Ҳалимзода (86 кг), Исмоил Картоев (92 кг), Раҳмон Маҳмадбеков (97 кг) ва Фарҳод Анақулов (125 кг) ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, соҳиби медалҳои тило шуданд.

Қаҳрамонони Тоҷикистон дар риштаи гӯштии озод маълум шуданд
Блоки рекламавӣ


