Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.
Роҳбари вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Борадтек-Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед” дидан намуда, бо лоиҳаҳои нави ин корхонаи муштарак ошно шуд. Гуфта шуд, ки бо ташаббуси сармоягузорон ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ дар ҳудуди корхона коргоҳи нав барои коркарди ниҳоии ашёи хом таъсис меёбад. Барои татбиқи ин лоиҳа ҷалби 200 миллион сомонӣ сармоя ва ташкили 300 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст.
Роҳбари вилоят инчунин бо нақшаҳои созандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Канзи диёр”, ки самти фаъолияташ истеҳсоли сурма мебошад, шинос шуд. Тибқи иттилои пешниҳодшуда, дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент бо истифода аз захираҳои бузурги маъдан корхонаи нав бо иқтидори коркарди то 2000 тонна маъдан дар як шабонарӯз бунёд карда мешавад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 500 миллион сомонӣ буда, дар марҳилаи аввали фаъолияти он 500 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Ҳамзамон Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии пешқадами Панҷакент шинос гардид. Дар хоҷагии деҳқонии “Мирзо Қайюмов” баъди ҷамъоварии ҳосили асосӣ кишти такрорӣ ба роҳ монда шуда, парвариши сабзавоти мавсимӣ идома дорад. Хоҷагидорон иброз намуданд, ки бо истифодаи тухмиҳои серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникӣ метавонанд ҳосили фаровон ба даст оваранд.
Имсол дар шаҳри Панҷакент дар майдони 2641,6 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуда, дар ин заминҳо ғалладона, лубиёгӣ, ҷуворимакка барои дон, зироатҳои техникӣ ва сабзавоти гуногун парвариш меёбанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь