Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.
Зимни суҳбат бо собиқадори соҳаи матбуот Ҳикмат Одинаев аз саҳми арзандаи чунин шахсони фидоӣ дар рушди ҷомеа ёдоварӣ карда шуд. Ба ӯ аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин роҳбари вилоят аз аҳволи Марям Ҳамдамова, сокини 101-солаи деҳоти Оббурдон хабар гирифт. Ин зани куҳансол дастовардҳои имрӯзи кишварро натиҷаи сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ӯ саломатии бардавом орзу намуда, аз номи Сарвари давлат туҳфаҳои моливу пулӣ супорид.
Чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба собиқадорон нишонаи эҳтиром ба заҳмати чандинсолаи онҳо ба ҳисоб меравад.

Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ
Блоки рекламавӣ


