Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии «тиллои сафед» идома дошта, кишоварзон бо рӯҳияи баланд барои иҷрои нақшаи истеҳсолӣ саъй доранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар чиниши аввалин ҳосили пахта дар хоҷагии деҳқонии «Сангин Қудус»-и шаҳраки Бӯстон иштирок намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои 30 гектар замини кишоварзӣ буда, дар 25 гектари он пахта кишт шудааст. Имрӯзҳо деҳқонон аз паи ҷамъоварии ҳосил мебошанд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулин ва собиқадорон таъкид намуд, ки пахта ҳамчун ашёи хом таъмини фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагӣ нақши муҳим дорад. Ҷамъоварии саривақтии ҳосил имконият медиҳад, ки корхонаҳо бо ашёи хом таъмин гарданд.
Аъзои хоҷагии деҳқонии «Сангин Қуддус» иброз доштанд, ки ҳосили имсола назар ба соли гузашта ба маротиб зиёд аст, зеро навъҳои пахтаи «Ҷунтай» ва «ЭФ-52» мутобиқ ба иқлими минтақа интихоб гардида, кишт зери плёнка гузаронида шуд. Ин усули кишт назар ба тарзи маъмулӣ самаранокии бештар дорад.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ беш аз 5400 хоҷагии пахтакор дар майдони 10 ҳазору 280 гектар кишти пахта гузаронида, то имрӯз зиёда аз 500 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд. Нақшаи истеҳсоли пахта 31 ҳазору 300 тоннаро дарбар мегирад.
Айни замон дар ноҳияи Мастчоҳ 10 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият доранд. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳамчунин бо фаъолияти чанде аз ин корхонаҳо шинос гардид.
Раиси вилоят ба раиси ноҳияи Мастчоҳ, масъулини бахши кишоварзӣ ва роҳбарони корхонаҳои қабулу коркарди пахта супориш дод, ки ҳамкории худро бо хоҷагиҳои пахтакор тақвият бахшида, ба қабулу захираи пахта, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти нассоҷию дӯзандагӣ мусоидат намоянд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар додааст

Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ
Блоки рекламавӣ


