25 декабри соли 2025, дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармондеҳи кулли интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Аҳмадризо Родон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз ҷузъу томҳои Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Меҳмонони олиқадрро роҳбарият ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ бо эҳтироми хос истиқбол гирифтанд.
Дар ҷараёни ин боздид, ҷаноби Аҳмадризо Родон ба шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбии 3502 и Маркази инноватсионии Қӯшунҳои дохилӣ ташриф оварда, бо дастовардҳои муосири соҳа шинос шуд. Ба Фармондеҳи кулли интизомии Эрон техникаву таҷҳизоти махсуси ҳарбӣ, ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин (дронҳо) ва маҷмӯи бесарнишини разведкаи ҳавоӣ, ки дар фаъолияти Қӯшунҳои дохилӣ васеъ истифода мешаванд, намоиш дода шуданд. Инчунин, меҳмонон аз шароити хизмат ва зисти сарбозону афсарон, аз ҷумла хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва варзишгоҳи муосири қисми ҳарбӣ дидан намуда, ба сатҳи баланди таъминоти моддию техникӣ баҳои баланд доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь