Президенти муваққатии Сурия аз Руссия хоҳиш кардааст, ки Башор Асадро ба супорад.
15 октябр Президенти муваққатии Сурия Аҳмад аш-Шараа бо сафари расмӣ ба Маскав омад. Вай ба Президенти Руссия Владимир Путин итминон дод, ки ҳамаи созишномаҳои режими пешини Сурияро эҳтиром хоҳад кард. Яъне, талаб намекунад, ки нерӯҳои Руссия пойгоҳҳои худро дар Тартус ва Хмеймим тарк кунанд. Ин муҳимтарин нуқтаҳои ҳузури Руссия дар Ховари Миёна ва марказҳои логистикӣ барои амалиёти он дар Африқо мебошанд.
Тибқи маълумоти манбаъҳои Reuters, дар паси дарҳои баста, Шараа ба истирдоди Президенти сарнагуншудаи Сурия Башор Асад, ки пас аз сарнагун шудани ӯ дар моҳи декабри соли 2024 дар Русия паноҳгоҳ гирифт, талош кард. Моҳи сентябри соли 2025 дар Сурия барои боздошти ӯ ордер дода шуд. Дар натиҷаи сафари Шараа, сухангӯи Президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт:”Дар бораи Асад мо дар ин замина чизе гуфта наметавонем”.

Аҳмад аш Шараа: Башор Асадро ба мо супоред!
Блоки рекламавӣ


