Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 30-юми августи соли 2025, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 32-сола муноқиша карда, бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, бо доси хоҷагӣ 3 маротиба ба қисмати сари ҳамсараш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.
Блоки рекламавӣ



