Самандари Қаландар, судяи пешини ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон, ки ду моҳ қабл аз мансабаш барканор шуд, ба гирифтани 75 ҳазор сомонӣ ришва муттаҳам гардид.

Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврал гуфт, ӯ моҳи октябри соли 2025 барои сабук кардани ҷазои як шахс “пора” талаб кардааст. Ба иттилои манбаъ, Самандари Қаландар “дар утоқи корияш, бори аввал 50 ҳазор сомонӣ ва бори дуюм 25 ҳазор сомонӣ гирифтааст.”

Самандари Қаландар рӯзи 17-уми декабри соли 2025 бо фармони Президенти Тоҷикистон аз мақом ронда шуд. Сабаби барканории ӯро кирдоре донистанд, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад”.

Ҳамроҳи ӯ Фирдавс Ҳусейнзода, судяи Додгоҳи вилояти Суғд ва Нозим Давлатзода, судяи Додгоҳи ноҳияи Балҷувон низ бо ин гуноҳ аз мақом барканор гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь