Сафи қурбониёни сел дар пайи борандагиҳо дар Афғонистон ба ҳабдаҳ тан расидааст. Дар миёни қурбониён панҷ узви як хонавода ҳастанд, ки рӯзи якуми январ дар натиҷаи фурӯ рехтани боми хонаашон дар вилояти Ҳирот ҷон доданд.
Идораи миллии мубориза бо ҳодисаҳои табииӣ ҳукумати Толибон рӯзи якуми январ дар як эъломия гуфтааст, ки дар баробари талафоти ҷонӣ, дар натиҷаи борандагиҳо ва сел беш аз 270 хона ба таври комил ва наздик ба 1560 хона қисман вайрон шудаанд.
Блоки рекламавӣ



