Бонки ҷаҳонӣ эълон кард, ки зилзилаи 6-дараҷагии рӯзи 31 август дар вилоятҳои шарқии Афғонистон, ҳудуди 182 миллион доллар ба иқтисоди ин кишвар расонид.
Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише, ки 24 октябр дар вебсайти расмиаш нашр кард, гуфт, ки аз ин зилзила биноҳои истиқоматӣ бештар зарар дидаанд ва арзиши ин хисорот ба 64,1 миллион доллар мерасад, ки 35 дарсад аз маҷмуи осебҳоро ташкил мекунад.
Дар ин гузориш омадааст, ки биноҳои ғайриистиқоматӣ 45,5 миллион доллар, бахши кишоварзӣ 40,3 миллион доллар ва зербиноҳо 32,7 миллион доллар хисорот дидаанд. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, вилоятҳои Кунар ва Нангарҳор дар ин зилзила бештарин осебҳоро дидаанд ва дар маҷмӯъ 97 дарсад аз тамоми зиёнҳо дар ин ду вилоят сурат гирифтааст.
Бонки ҷаҳонӣ ин зилзиларо яке аз маргбортарин ҳодисаҳои табиӣ дар Афғонистон аз соли 1998 эълон кард.
Зилзилаи 31 август дар вилоятҳои шарқии Афғонистон, ба вижа Кунар ва Нангарҳо, ҳазорон хонаро вайрон ва сокинони онро беҷо намуд. Бар асоси омори расмӣ, дар ин ҳодиса беш аз 2200 нафар ҷон бохта ва наздик ба 4000 тани дигар захмӣ гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь