Ҳаракати “Толибон” ( мамнуъ дар Тоҷикистон) қонуни нав қабул кард. Тибқи ин қонун сурудани шеърҳои ошиқона ва шеър гуфтан дар бораи духтарон ва писарон, манъ шуд. Ин қонун зери номи “Танзими мушоира” дар ҷаридаи расмии “Толибон” (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон) низ нашр гардид.
Дар қонун омадааст, ки “шеър бояд холӣ аз ишқи маҷозӣ, хоҳишҳои нораво ва эҳсосоти беҷо бошад, шоирон дар васфи демократия, коммунизм, феминизм, илҳод ва ғайра”, шеър нанависанд.
Қонуни нав ба Вазорати иттилоот ва фарҳанги “Толибон” (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон) салоҳият додааст, то “қонуншиканҳоро мутобиқи аҳкоми шариат” ҷазо диҳанд.
Блоки рекламавӣ



