“Дар натиҷаи заминларза дар Афғонистон 250 нафар ҳалок ва беш аз 500 нафар маҷрӯҳ шуданд” – хабар додааст шабакаи телевизионии NBC .
Тибқи иттилои шабакаи телевизионӣ, Сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон Шарофат Замон изҳор доштааст, ки амалиёти наҷотдиҳиро оғоз намуда, садҳо нафарро барои кӯмак ба осебдидагон сафарбар кардаанд.
Қаблан маркази сейсмологии аврупоии баҳри Миёназамин (EMSC) дар бораи заминларзаи 6,2 дар 57 километр шимолу шарқи шаҳри Ҷалолободи Афғонистон дар чуқурии 35 километр хабар дода буд. Баъдтар масофа то шаҳр аз ҷониби EMSC то 50 километр ва чуқурии заминҷунбӣ то 10 километр ислоҳ карда шуд. Айни замон, хадамоти геологии ИМА (USGS) масофаро аз маркази заминҷунбӣ то Ҷалолобод 27 километр, чуқурии онро ҳашт километр арзёбӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь