Ҳавои сарди зимистон дар Афғонистон дастикам 61 нафарро ба ҳалокат расонид. Вилоятҳои марказӣ ва шимолии кишвар чанд рӯзи ахир зери тӯфон мондаанд.
Як мақоми ҳукумати Толибон* шумори ҳалокшудагонро эълон кард. Муҳаммад Юсуф Ҳаммад, сухангӯи Идораи мубориза бо офатҳои табиӣ гуфт: “Бар асари барфу борони зиёд 61 ҳамватани мо ба ҳалокат расиданд. 110 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 458 хона пурра, ё қисман вайрон шудаанд.”
Ба гуфтаи мақомот, бар асари тӯфон ва сели баъди боронгариҳои зиёд 9 кӯдак кушта шудаанд. Боди сахту боронҳои зиёд дар вилояти Қандаҳор рӯзи чаҳоршанбеи гузашта шаш кӯдакро ба ҳалокат расонид. Дар вилояти шарқии Нуристон рӯзи чаҳоршанбе бар асари сел дар деҳаи Қурайш се аъзои як хонавода ба ҳалокат расида, ду тани дигар захмӣ шудаанд.
Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта барфи зиёд зиндагии мардумро сахт кард. Хабарнигори “Франс Пресс” мегӯяд, дар вилояти Ғазнӣ, дар давоми 24 соат тақрибан 80 сантиметр барф борида, бозорҳо ва роҳҳоро баст.
Барфи ахир дар Афғонистон ҳаёти камаш 61 касро аз байн бурд.

Афғонистон: Даҳҳо нафар аз хунукӣ ҷон доданд
Блоки рекламавӣ


