Намояндаи ҳукумати Толибон (мамнуъ дар Тоҷикистон) Забеҳулло Муҷоҳид изҳор дошт, ки мақомоти кишвар ҳеҷ гоҳ пойгоҳи ҳавоии Багромро ба Амрико намедиҳанд.
“Багром — қисми қаламрави Афғонистон аст. Он аз дигар қитъаи замини Афғонистон фарқ надорад. Мо ҳеҷ гоҳ ба созишнома ё интиқоли ягон қисми кишварамон розӣ намешавем” – гуфт Забеҳулло Муҷоҳид дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Ал Арабия”.
СОЛИ 2001 ИМА ва нерӯҳои байналмилалии амниятӣ ба Афғонистон, ки он вақт ба ҳаракати “Толибон” тааллуқ дошт, нерӯҳо ворид карданд. Дар тӯли 20 сол, пойгоҳи ҳавоии Баграм бузургтарин пойгоҳи амрикоӣ дар кишвар буд. Соли 2021 Иёлоти Муттаҳида хуруҷи нерӯҳоро аз Афғонистон ба анҷом расонид ва ҳаракаи тундрави “Толибон” ( мамнуъ дар Тоҷикистон) пас аз он ба қудрат баргаштанд.
19 сентябр рӯзномаи The Wall Street Journal навишт, ки мақомоти ИМА бо ҳаракати “Толибон” дар бораи додани пойгоҳи ҳавоии Багром ба идораи сарбозони амрикоӣ гуфтушунид мекунанд. Рӯзи дигар Доналд Трамп таҳдид кард, ки агар Толибон пойгоҳро ба “онҳое, ки онро сохтаанд” насупоранд, рӯзи сиёҳ ба сарашон хоҳад омад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь