Дар арафаи чорумин солгарди бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон), роҳбарияти кишвар аз Амрико даъват кардааст, ки қудрати амалкунандаро эътироф кунад ва сафорати Афғонистонро дар Вашингтон ба ихтиёри онҳо супорад, хабар додааст шабакаи давлатии телевизионии RTA.
Сухангӯи онҳо Забиулло Муҷоҳид дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионӣ дар бораи гуфтушунидҳои мустақим бо Иёлоти Муттаҳида изҳори назар кардааст: “Мо бо Амрико робитаҳои доимӣ дорем. Шумо шоҳиди он будед, ки чанде пеш як намояндаи амрикоӣ ба Кобул омада буд. Ба ҳамин монанд, вақте ки намояндагони мо ба Қатар ё дигар давлатҳо сафар мекунанд, онҳо бо мансабдорони амрикоӣ мулоқот мекунанд. Мо аз онҳо эътирофи расмии Аморати Исломии Афғонистонро талаб кардем ва инчунин масъалаи ба мо додани сафорати Афғонистон дар Иёлоти Муттаҳидаро ба миён гузоштем”. Муҷоҳид эътирофи расмии ҳукумати кунунии Афғонистонро аз ҷониби Руссия зикр карда, аз кишварҳои дигар даъват кардааст, ки ба он пайравӣ кунанд: “Афғонистон бо ягон кишвар мушкиле надорад ва мехоҳад бо тамоми кишварҳо муносибатҳои хуб дошта бошад. Руссия ниятҳои Афғонистонро дарк кард, дар ин масъала ташаббус нишон дод ва аз фурсат истифода кард. Мо аз кишварҳои дигар даъват мекунем, ки чунин иқдомҳои ҷасурона кунанд ва бо Афғонистон робита барқарор кунанд”- гуфтааст мансабдори ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон.
РИА Новости