Дар машварати августии соҳаи маорифи вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода гурӯҳи омӯзгорон ва хонандагон барои дастовардҳои арзандаашон қадрдонӣ шуданд.
Аз ҷумла, 37 нафар омӯзгор, ки барои омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ саҳми калон гузоштаанд, бо сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин, 21 нафар хонанда, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол кардаанд, бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ғайр аз ин, 5 нафар иштирокчии хурди озмуни вилоятии «Ахтарони дониш» низ бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ин иқдом далели таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорон ва қадршиносии дастовардҳои хонандагон буда, ҳавасмандии онҳоро ба донишандӯзӣ ва муваффақиятҳои нав боз ҳам бештар месозад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода инчунин ба 40 нафар собиқадорони соҳаи маориф мукофотҳои пулӣ тақдим карданд. Ин иқдом нишони арҷгузорӣ ба заҳматҳои садоқатмандонаи собиқадорон ва эътирофи саҳми онҳо дар рушду такомули таълиму тарбия мебошад.

Қадршиносии собиқадорони соҳаи маориф
Блоки рекламавӣ


