Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти муаззами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ -Эмомалӣ Раҳмон ва бо муборакбодии табарруки ин шахсияти таърихӣ, соҳибэътибор ва дар арсаи ҷаҳонӣ эътирофманд, Ҳуриннисо Ализода, раиси Шурои ВАО- и Тоҷикистон, журналисти соҳибноми кишвар бо мукофоти давлатӣ – Унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сазовор дониста шуд.
Ҳуриннисо Ализодаро бо ин мукофоти арзишманд муборакбод гуфта, барояш навиштаҳои нав ба навро, ки барои пешбурди ҷомеа мусоидат мекунад, таманно дорем!
“Ба Тоҷикистони азиз ва ин миллату давлат содиқона хидмат мекунам”, навиштааст худи Ҳуриннисо дар саҳифаи шахсиаш дар Фесбук.
“Фараҳ”
Блоки рекламавӣ



