Дар арафаи таҷлили 75-солагии зодрӯзи собиқадори меҳнат, ходими давлатию ҷамъиятӣ Кубро Собитова, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода мавсуфро якҷоя бо собиқадори хизмати давлатӣ Гулафзо Савриддинова ба ҳузур пазируфта, мавриди қадрдонӣ қарор дод.
Шарифҷон Ҷумъазода зимни суҳбат Кубро Собитоваро ба муносибати ҷашни мубораки 75-солагиаш табрик намуда, саҳми арзанда ва бисёрсолаи ӯро дар рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва тарбияи кадрҳои баландихтисос махсус таъкид кард. Қайд гардид, ки роҳи тайкардаи ин бонуи рӯзгордида ва фидокор барои насли ҷавон намунаи барҷастаи ватандӯстӣ ва садоқат ба касб мебошад. “Мо ҳамеша хизматҳои содиқонаи собиқадорони меҳнатро қадр мекунем. Таҷрибаи бойи шумо дар идораи давлатӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ имрӯз ҳам барои мо роҳнамо ва муҳим аст,” – иброз дошт шаҳрдори Исфара.



