Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳоти Гулистони шаҳри Левакант роҳбарони 18 хоҷагии деҳқонии пахтакорро барои саривақт иҷро кардани нақшаи пахтачинӣ ҳавасманд гардонид.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки ҳосилнокии имсолаи пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле баланд буда, ин аз истифодаи самараноки захираҳои обӣ, тухмии босифат ва меҳнати софдилонаи деҳқонон шаҳодат медиҳад. Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Раиси вилоят ба саҳмгузорони соҳаи кишоварзӣ барои заҳматҳои арзишманд изҳори сипос намуда, даъват ба амал овард, ки чунин натиҷаҳои назаррас дар дигар самтҳои хоҷагидорӣ низ намунаи ибрат гардад.
Шаҳри Леваканд дар мӯҳлати хело кӯтоҳ нақшаи пахтасупориро беш аз 101 дарсад таъмин намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь