Президент Қосим-Ҷомарт Токаев ба чемпиони олимпӣ Михаил Шайдоров ордени “Барис” дараҷаи II-ро супорид. Мураббии ӯ Алексей Урманов бо ордени “Достиқ” дараҷаи II мукофотонида шудааст.
Ордени “Қурмет” – ро сармураббии дастаи мунтахаб Асем Касанова, падар ва мураббии варзишгар Станислав Шайдоров, инчунин президенти ин намуди ин намуди варзишӣ Бауиржан Ералӣ ба даст оварданд.
“Тиллои олимпӣ барои ман финал нест. Дар пеш роҳи бузурге ҳаст, ки ман мехоҳам бо масъулият барои кишварам тай кунам ва барои насли наврас намуна бошам ва кишвари худро барои тамоми ҷаҳон муаррифӣ кунам. Раҳмат ба Шумо! Ман бо ифтихор ба кишвари азизам-Қазоқистон хизмат мекунам!” – гуфт Шайдоров
Блоки рекламавӣ



