Дар шимоли Тоҷикистон калонтарин корхонаи коркарди маъданро сармоягузорони Чин дигарбора фаъол мекунанд. Корхонаи Адрасмон 15 сол пеш аз кор монд ва садҳо сокини маҳал аз кору даромад маҳрум шуда буданд.
Масъулони ҳукумати шаҳри Гулистон рӯзи 21-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки баъди солҳои тӯлонӣ ба калонтарин корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдан дар минтақа сармоягузор ёфтаанд. Аз он пеш корхонаи маъдани Адрасмон дар ихтиёри соҳибкорони Қазоқистон буд ва тақрибан 15 соли гузашта кор намекард. Ҳоло Чин ният дорад барои дигарбора ба кор андохтани он маблағгузорӣ кунад.
Илҳом Пӯлодзода, раиси шаҳри Гулистон гуфтааст: “Сармоягузор омад, корҳои васлкунӣ ҷараён дорад, он нақбҳоеро, ки зери об монд, пок мекунанд. Барои коргарҳо хобгоҳ таъмир мешавад ва роҳро таъмир кардаву дигар корҳоро ба анҷом расонида истодаем. Агар хато накунам, зиёда аз 50 милион доллар сармоя ҷудо мегардад”.