20 декабр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар қабули шаҳрвандон 21 нафар сокинони вилоят бо масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмин шудан бо манзили зист, мусоидат барои табобат, корҳои сохтмонӣ ва дарёфти кумаки моддӣ ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳар як муроҷиатро мавриди баррасӣ қарор дода, барои ҳалли дархостҳои шаҳрвандон ба роҳбарони сохторҳои дахлдор ва шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки қабули шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, баррасии муроҷиатҳо дар доираи қонунгузорӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои шаҳрвандон таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь