Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Тоскулоҳи бузург” (Abu Dhabi Grand Slam 2025), ки аз 28-ум то 30-юми ноябр дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Дар ин мусобиқот, ки бори даҳум бо мақоми “Grand Slam” ё “Тоскулоҳи бузург” доир мегардад, беш аз 390 варзишгар (233 мард ва 157 зан) аз 53 қувва меозмоянд. Рақобатҳои инфиродӣ дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон доир мешавад.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 гуштигир дохил аст ва аз рӯйи 5 вазн миёни мардон: Меҳрзод Сӯфиев (дар вазни то 60 кило), Абӯбакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев (ҳарду дар вазни то 73 кило), Суннатулло Мӯсоев, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 81 кило), Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду дар вазни то 90 кило), Сомонӣ Кишваров ва Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни то 100 кило).
Иштирок дар Abu Dhabi Grand Slam 2025 марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба мавсими нав аст. Ин мусобиқот дар “Mubadala Arena”, ки борҳо мусобиқаҳои пурнуфузи ҷаҳониро қабул кардааст, доир мегардад.

Абу-Заби – 2025: Киҳо мераванд?
Блоки рекламавӣ


