Кормандони милитсия як муйсафедро аз ноҳияи Муъминобод, ки нисбати набераи ноболиғиаш ҳаракатҳои бадахлоқона кардааст, дастгир ва ба ҳабс гирифтанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн шуд, ки дар он як марди солхӯрда нисбат ба духтарчаи хурдсол ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст. Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки навори изтиробангез нороҳатии шадидро миёни ҷомеа, хусусан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард. Истифодабарандагони интернет марди дар навор инъикосёфтаро барои чунин рафтори ғайриахлоқӣ маҳкум карда, аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дархост намуданд, ки нисбати ҳодиса чораҳои қонунӣ андешанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки шахси дар навор инъикосёфта шаҳрванд Акрамов Ятим соли таваллудаш 1947, сокини деҳаи Тутои ноҳияи Муъминобод буда, нисбати набераи хурдсолаш – ноболиғдухтари 5-сола, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт, ҳаракати бадахлоқонаро раво дидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Акрамов Ятим парвандаи ҷиноятӣ бо дастрасии моддаи 139-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.