Мақомоти Русия 20 шаҳрванди Тоҷикистонро дар пайи занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар маҷмааи истиқоматии “Прокшино” дар шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Занозанӣ рӯзи 25-уми октябр рух дод.
Ду гурӯҳи муҳоҷирон барои гирифтани таъмири хонаи якҳуҷраӣ ҷанҷол карданд.
Нисбат ба боздоштшудаҳо бар асоси моддаи “авбошии гурӯҳӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Пулиси Руссия ба иловаи парвандаи ҷиноӣ, нисбат ба иштирокдорони дигари занозанӣ ҷазои маъмурӣ таъйин кардааст. Нашрияи “Коммерсант” дар Русия ба нақл аз Кумитаи тафтишотии он кишвар навишт, ҷанҷоли муҳоҷирон “ихтилоф бар сари нархи таъмири хона” будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь