Мақомоти ҷумҳурии худхондаи Абхозистон шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми ифротгароии динӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт кард ва ба Русия дод. Хадамоти амнияти давлатии Абхозистон дар иттилоияе гуфтааст, истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон Каримхон Саидови 43-сола дар поёни ҳафтаи гузашта сурат гирифт. Дар хабари мақомоти Абхозистон, аз ҷумла гуфта шудааст, ки гуё Саидов “дар саҳифаҳои ҳомии гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурия маводе паҳн мекард, ки барои сафед кардани ифротгароӣ ва барангехтани адовати динӣ равона шуда буд”.
Хадамоти амнияти давлатии Абхозистон гуфт, муҳлати санадҳои муҳоҷирати Саидов дар Абхозистон ҳам гузашта буд ва ӯ рӯзи 20-уми март ба Русия истирдод гардид.
Тоҷикистон Абхозистони рӯ ба Русияро чун давлати мустақил ба расмият намешиносад, аз ин рӯ, бисёр муносибатҳои ҳуқуқии вобаста ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷумҳурӣ тавассути сохторҳои Русия ҳаллу фасл мегарданд.

Абхазия шаҳрванди Тоҷикистонро ба Русия фиристод
Блоки рекламавӣ


