Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон наздик ба 180 миллион сомонӣ пули алимент ситонида шудааст, ки нисбат ба як сол қабл беш аз 140 миллион сомонӣ зиёд аст.
Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ҳамзамон аз афзоиши қарздороне хабар дод, ки аз ҷумла барои напардохтани пули алимент муваққатан роҳашон ба хориҷи кишвар баста шудааст.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Хадамоти иҷро, рӯзи 10-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт:
“Дар соли 2025 нисбат ба 11 ҳазору 553 шаҳрванди Тоҷикистон ҷиҳати берун нарафтан аз ҳудуди ҷумҳурӣ маҳдудият қабул шуд. Нисбат ба соли гузашта ин рақам 7 ҳазору 579 нафар зиёд аст.”
Ба қавли ӯ, аз ин омор бештар аз 8 ҳазораш ба напардохтани алимент ва боқимонда ба қарзҳои бонкӣ рост меояд. Ба иттилои Хадамоти иҷро, ҳамзамон роҳи 976 нафар баъди пардохти беш аз 10 миллион сомонӣ қарзи алимент ба хориҷ боз шудааст.
Бар асоси муқаррарот, агар қарзи алимент аз 780 сомонӣ зиёд шуд, қарори маҳдудияти сафар ба берун аз Тоҷикистон бароварда мешавад.
Дар Хадамоти иҷро гуфтанд, бинобар барқсадона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 270 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 753 тани дигарро барои пинҳон намудани суроғаи ҷои зисташон ва сари вақт напардохтани пули алимент дар ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Абдуллозода:”Аз алимент қарздорӣ? Хориҷаро хоб мебинӣ!
Блоки рекламавӣ


