17 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳокима гардид. Роҳҳои рушд ва густариши минбаъдаи он баррасӣ шуд.
Тамоюли мусбати афзоиши тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ бо қаноатмандӣ зикр гардид. Дар ин замина, Пешвои миллат ба имкониятҳои зиёд барои пешрафти минбаъдаи ин раванд дар соҳаҳои гуногуни саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ишора карданд. Ҷонибҳо инчунин ба густариши минбаъдаи мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь