Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар шаҳри Панҷакент майдони парвариши ин навъи дарахт батадриҷ васеъ карда мешавад.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз қитъаи парвариши павловния дар ҳудуди хоҷагии ҷангал дар деҳоти Амондара гуфта шуд, ҳоло ин ҷо дар се гектар беш аз 1200 бех ниҳол парвариш карда мешавад.
Дар маҷмӯъ, дар ҳудуди хоҷагии ҷангал ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр бо дастгирии шарикони рушд дар қитъаҳои алоҳида беш аз 20 ҳазор бех павловния парвариш карда мешавад.
Бо мақсади зиёд намудани майдони парвариши он дар хоҷагии ҷангали шаҳр 3 ҳазор бех ниҳоли он аз тухмаш сабзонида, парвариш карда мешавад ва баҳори оянда онро мешинонанд.
Зимнан, як дарахти он 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ мекунад. Павловния хусусияти худбарқароршавӣ дошта, шинонидани дубораро талаб наменамояд, баъди ҳар буридан ва ё даравидан аз ҳисоби қисми решаи боқимонда мерӯяд.Давоми 7-8 сол ҳаҷми афзоиши он ба 1 метри кубӣ мерасад, ки бо дигар намуди дарахтон муқоисанашаванда мебошад.
Гулҳои дарахти павловния накҳати хушбӯйи қавӣ дошта, беҳтарин шаҳд барои истеҳсоли асал мебошанд. Аз 1 гектар павловниязор то 800 кг асал гирифтан мумкин аст.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Абдухолиқ Холиқзода дар Амондара
Блоки рекламавӣ


