19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд.
Бинои навбунёд аз се ошёна иборат буда, дорои 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳ ва қабули шаҳрвандон мебошад. Дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷалби аъзои фаъоли ҳизб — соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд гардидааст.
Тибқи иттилои масъулин, ба ҳолати 1 ноябри соли 2025 аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11384 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 73 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дорад.
Дар арафаи 31 солагии таъсисёбии ҲХДТ ба сохторҳои маҳалии ҲХДТ дар 18 шаҳру ноҳияҳои кишвар мошинҳои хизматӣ тақдим гардид.

Ҷаббор Расулов: Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Блоки рекламавӣ


