Дар ин бора Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар боғи “Янги Узбекистон”-и Тошканд дар ҷашни Рӯзи истиқлолияти кишвараш хабар додааст.
“Муҳимтар аз ҳама, танҳо дар ҳамин сол 700 ҳазор шаҳрванди мо, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, ба самаранокии ислоҳоти гузаронидаамон боварӣ ҳосил намуда, ба кишвар, назди оилаҳои худ баргаштанд.
Афзоиши шумораи муҳоҷирони меҳнатии баргашта, бевосита бо татбиқи ислоҳоти васеи иқтисодӣ, афзоиши шумораи ҷойҳои корӣ ва беҳтар шудани фазои корӣ алоқаманд аст”.
Тамоми суханронии ӯ ба муваффақиятҳое бахшида шуда буд, Ки Ӯзбекистон дар 8 соли охир аз замони ба қудрат расидани Мирзиёев ба даст овард. Ин давраро дар кишвар “Ӯзбекистони нав” меноманд.
Ба гуфтаи Президент “соҳибкорӣ дар Ӯзбекистони нав ба нерӯи пешбаранда ва тавонои иқтисод табдил ефтааст. Шумораи субъектҳои тиҷорати хурд ва миена ду баробар афзудааст ва имрӯз дар ин бахш беш аз 10 миллион нафар кор мекунанд. Аз моҳи январи соли 2025 дар ин ва дигар соҳаҳо 5 миллион нафар кор кардаанд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь