Сафорати Амрико дар Ӯзбекистон хабар додааст, ки рӯзи 11-уми март 65 муҳоҷири ӯзбекистонӣ аз Амрико ба ватанашон баргаштанд.
Мақомоти Амрико дар шарҳи сабаби ронда шудани ин муҳоҷирон гуфтаанд, онҳо иҷозаи қонунии иқоматро надоштанд.
Ба навиштаи сафорат, аз моҳи январи соли 2025 то кунун беш аз 1000 шаҳрванди Ӯзбекистонро аз ин кишвар берун кардаанд.. Мақомоти Амрико гуфтаанд, ин иқдом дар доираи барномаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳифзи марзҳо амалӣ мешавад.
Онҳо ҳушдор додаанд, ки ҳар касе ғайриқонунӣ барои ворид шудан ба ин кишвар талош мекунад, зиндонӣ ё иҷборан ихроҷ карда мешавад. Вашингтон аз ҳукумати Ӯзбекистон барои ҳамкорӣ дар бозгардондани шаҳрвандони ин кишвар изҳори миннатдорӣ намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь